Почтаи электронӣ
Ном:
Парол:

МУШАХХАСОТИ МО

 

Ахбор: 2018| 2017| 2016| 2015| 2014| 2013| 2012| 2011| 2010| 2009| 2008| 2007

 

 

Семинар оид ба баррасӣ ва такмили минбаъдаи «Нақшаи стратегии солимгардонии майдончаҳои мероси саноати уранӣ дар Осёи Марказӣ»

12 – 13 январи соли 2017 дар Маркази омӯзишии минтақавии Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии АИ ҶТ дар ш. Душанбе, Тоҷикистон Семинар оид ба баррасӣ ва такмили минбаъдаи «Нақшаи стратегии солимгардонии майдончаҳои мероси саноати уранӣ дар Осёи Марказӣ» баргузор гардид. Ин ҳуҷҷат аз ҷониби Гурӯҳи ҳамоҳангсозандаи (CGULS, IAEA) Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) омода карда шудааст.)МУФАССАЛТАР ...

 

Барномаи тестӣ Environment UniverTest

Дар доираи амалишавии лоиҳаи АБНА TAD/0/005 «Ворид намудани давраҳои омӯзишии баъд аз дипломӣ ва магистратура дар Маркази миллии таълим ва омӯзиш» аз 23 то 27 январи соли 2017 бо ташрифи экспертӣ намояндаи Донишгоҳи давлатии Беларусь, Мудири шӯъбаи автоматизатсиякунонии комплексии Донишкадаи экологии ба номи Сахаров – Евгений Хаҷинов ба Маркази таълимии Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии АИ ҶТ ташриф овард.МУФАССАЛТАР ...

Семинари миллӣ оид ба таҳияи «Тартиби амалкунии стандартӣ (ТАС) ҳангоми кашфи маводҳои ядроӣ ва радиоактивӣ дар сарҳад»

Аз 30 январ то 03 феврали соли 2017 дар Маркази таълимии Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ семинари миллӣ оид ба таҳияи «Тартиби амалкунии стандартӣ (ТАС) ҳангоми кашфи маводҳои ядроӣ ва радиоактивӣ дар сарҳад» баргузор гардид. Дар семинар намояндагони Хадамоти гумрук, Қӯшунҳои сарҳадӣ ва Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ ширкат варзиданд.МУФАССАЛТАР ...

Давраи омӯзишӣ дар мавзӯи «Омӯзиши истифодабарандагон аз рӯи барномаи Воситаҳои дарёфткунии сайёр дар Тоҷикистон»

Рӯзҳои 6 - 10 уми феврали соли 2017 дар Маркази омӯзишии минтақавии Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи омӯзишӣ дар мавзӯи «Омӯзиши истифодабарандагон аз рӯи барномаи Воситаҳои дарёфткунии сайёр дар Тоҷикистон» гузаронида шуд.МУФАССАЛТАР ...

Ҷаласа оид ба омодасозии лоиҳа ва барномаи ҷаласаи ҳаждаҳумини Комиссияи давлатии давлатҳои аъзои ИДМ доир ба истифодабарии энергияи атом

22-юми ноябри соли 2017 дар Маркази омӯзиши минтақавии Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои ҷумҳурии Тољикистон ҷаласа оид ба омодасозии лоиҳа ва барномаи ҷаласаи ҳаждаҳумини Комиссияи давлатии давлатҳои аъзои ИДМ доир ба истифодабарии энергияи атом бо мақсадҳои сулҳнок баргузор гардид. Дар ҷаласа омоданамоӣ аъзоёни Комиссия аз ҷумҳуриҳои Арманистон, ҷумҳурии Беларус, ҷумҳурии қазоқистон, ҷумҳурии Қирғизистон, Федерацияи Русия ва ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мутахассисони соҳавӣ буданд, иштирок доштанд.

Роҳбарии ҷонишини вазири энергетикаи ҷумҳурии Беларус Михаила Ивановича Михадюка ҷаласаи ҳаждаҳумини Комиссияи давлатии давлатҳои аъзои ИДМ доир ба истифодабарии энергияи атом

23-юми ноябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе бо роҳбарии ҷонишини вазири энергетикаи ҷумҳурии Беларус Михаил Иванович Михадюк ҷаласаи ҳаждаҳумини Комиссияи давлатии давлатҳои аъзои ИДМ доир ба истифодаи энергияи атом бо максадхои осоишта кори худро о?оз кард.

Э Ъ Л О Н

Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2014 № 69 нисбати ҷалби бештари ҷавонон ба илм ва корҳои илмию таҳқиқотӣ, қабули довталабонро ба магистратура аз рўи ихтисоси 1М-33.01.03 – «Радиоэкология» барои солҳои хониши 2017-2019 эълон менамояд.МУФАССАЛТАР ...