Маълумот ба ахбор
  • Диданд: 184
  • Муаллиф: nrsa2017
  • Сана: 19-07-2017, 19:35
19-07-2017, 19:35

Э Ъ Л О Н

Гурӯҳ: Иттилоот

Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 январи соли 2014 № 69 нисбати ҷалби бештари ҷавонон ба илм ва корҳои илмию таҳқиқотӣ, қабули довталабонро ба магистратура аз рўи ихтисоси 1М-33.01.03 – «Радиоэкология» барои солҳои хониши 2017-2019 эълон менамояд.
Қабул ба тариқи озмун барои тарзи омўзишӣ буҷавӣ ва шартномавӣ сурат мегирад. Хоҳишмандон метавонанд ба суроғаи шаҳри Душанбе, кўчаи Ҳамза Ҳакимзода 17а, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.
Баъд аз қабул шудани довталабон ба магистратура шахсони аз ноҳияҳои дурдастомада бо хобгоҳ таъмин карда мешаванд.

Телефонҳо барои тамос: (+992 37) 224 21 23