АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ АМНИЯТИ ЯДРОӢ ВА РАДИАТСИОНӢ
МАҚОМИ ТАНЗИМКУНАНДАИ ДАВЛАТӢ ОИД БА ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ РАДИАТСИОНӢ
 
                 
 
   
   

 

booked.net

 

 

 

 

 

Семинари миллӣ оид ба Баррасии имкониятҳои мавҷуда оид ба таҳқиқоти ҷиноят бо истифодабарии маводи ҳастаӣ

 

Аз 26 феврал то 1 марти соли 2019 дар Маркази таълимии Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ семинари миллӣ оид ба Баррасии имкониятҳои мавҷуда оид ба таҳқиқоти ҷиноят бо истифодабарии маводи ҳастаӣ баргузор гардид. Дар семинар намояндагони Прокуратураи генералии ҶТ, Вазорати корҳои дохилии ҶТ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Ҳукумати ҶТ, Хадамоти гумрук, Қӯшунҳои сарҳадӣ, Нуқтаи нигаҳдории партовҳои радиоктивии назди МИҲД ш.Душанбе ва Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ ширкат варзиданд. Мақсади семинар дар якҷоягӣ муҳокима кардани Нақшаи технологӣ ва ошноӣ пайдо кардан бо тартиб ва низоми эътино ҳангоми пеш бурдани таҳқиқот вобаста ба ҷиноят бо истифодабарии маводи ҳастаӣ. Дар давоми чор рӯз намояндагони вазорату идораҳои номбаршуда иштирокчиёнро бо тартиб ва ӯҳдадориҳои худ ошно сохтанд ва ба саволҳои ба миёномада ҳангоми таҳқиқот аз иштирокчиён суол карданд.
Иштирокчиён пас аз баррасии имкониятҳо хулосабандӣ карданд, ки дониш ва маълумотҳои ҳангоми семинари миллӣ азхудкардаашонро дар фаъолияти ҳаррӯзаи истифода хоҳанд бурд. Семинари мазкур дар доираи Нақшаи миллии амали Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои қатъномаи 1540 Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2016, №54 қабул шудааст, гузаронида шуд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Суроға:
734003, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҳамза Ҳакимзода 17а

 

 

 Рақами телефон:
+992 37 224 77 97

Почтаи электронӣ:
info@nrsa.tj

 

 

 

 

   
       
         
 

Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд © 2006 - 2018. Лоиҳаи сомонаи мазкур дар шӯъбаи иттилоот ва муносибатҳои байналмиллаии ААЯР АИ ҶТ омода шудааст.