АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ АМНИЯТИ ЯДРОӢ ВА РАДИАТСИОНӢ
МАҚОМИ ТАНЗИМКУНАНДАИ ДАВЛАТӢ ОИД БА ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ РАДИАТСИОНӢ
 
                 
 
   
   

 

booked.net

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Вохӯрии намояндагони вазорату идораҳои марбута бо масъалаи назорати содиротӣ ва намояндагони САҲА

 

Рӯзҳои 18 - 19 марти соли 2019 дар Маркази омӯзишии минтақавӣ оид ба пешгирӣ намудани паҳншавии силоҳи қатли ом ва назорати содиротӣ барои давлатҳои Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Афғонистон, ки дар назди ААЯР АИ ҶТ фаъолият менамояд, вохӯрии намояндагони вазорату идораҳои марбута бо масъалаи назорати содиротӣ ва намояндагони САҲА баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъалаи иҷрои супориши Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 майи соли 2018, № 17434 (22.7) оид ба лоиҳаи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи тартиби амалӣ намудани назорати содироти маҳсулоти таъйиноти дуҳадафа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи Комиссияи иҷозатномадиҳӣ оид ба назорати содиротии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ гардид. Зимни вохӯрии мазкур намояндагони вазорату идораҳо таклифу пешниҳоди худро нисбат ба лоиҳаҳои зикршуда иброз намуданд. Дар охир ҳуҷҷати такмилгардида омода карда шуда, минбаъд пас аз имзогузорӣ барои баррасии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол хоҳад шуд.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Суроға:
734003, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҳамза Ҳакимзода 17а

 

 

 Рақами телефон:
+992 37 224 77 97

Почтаи электронӣ:
info@nrsa.tj

 

 

 

 

   
       
         
 

Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд © 2006 - 2018. Лоиҳаи сомонаи мазкур дар шӯъбаи иттилоот ва муносибатҳои байналмиллаии ААЯР АИ ҶТ омода шудааст.