Конунхо


   Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бехатарии радиатсионӣ" - мақсади Қонуни мазкур аз танзими ҳуқуқии муносибатҳое, ки ба таъмини бехатарии радиатсионӣ, ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва амволӣ шаҳрвандон, муҳити зист аз таъсири зараровари афканишотӣ иондоркунанда алоқаманданд, иборат мебошад. Қонуни мазкур аз 1 августи соли 2003 таҳти № 42 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст.
Муфассалтар

 

 

   Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи истифодаи энергияи атоми" - қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқи ва принсипҳои танзими муносибатҳои ҷамъиятиро, ки ҳангоми истифодаи энергияи атоми ба миён меоянд, муайян намуда, ба ҳимояи саломатӣ ва ҳаёти одамон, ҳифзи муҳити зист, таъмини реҷаи паҳн накардани аслиҳаи ядроӣ, бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ, ҳифзи моликият ҳангоми истифодаи энергияи атомӣ равона шуда, ба инкишофи илму техникаи атомӣ ва пойдор гаштани низоми байналмиллалии истифодаи бехатарии энергияи атомӣ мусоидат менамояд. Қонуни мазкур аз 9 декабри соли 2004 таҳти № 69 аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст.
Муфассалтар

   Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" - Қонуни мазкур намудҳои фаъолиятеро муайян мекунад, ки иҷозатномадиҳиро талаб намуда, асосҳои ҳуқуқии додани иҷозатнома (литсензия)- ро барои ҳуқуқи машғулшавӣ ба намудҳои мушаххаси фаъолият муқаррар карда, ба риояи стандартҳо ва талаботи зарурии тахассуси барои таъмини ҳимояи манфиату амнияти шахс, ҷамъият ва давлат нигаронида шудааст (Қонун аз 28.07.06с. № 195).
Муфассалтар

 

   Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" - қонуни мазкур тартиби гузаронидани санҷишҳо, ҳуқуқу ўҳдадориҳои субъектҳои хоҷагидор ва шахсони мансабдори мақомоти санҷишро муқаррар намуда, барои ҳифз намудани фаъолияти онҳо аз дахолати ғайриқонуни равона гардидааст.
Муфассалтар