ААЯР » Иттилоот » Давраи омузиши дар мавзуи «Омузиши истифодабарандагон аз руи барномаи Воситахои дарёфткунии сайёр дар Точикистон»
Маълумот ба ахбор
  • Диданд: 125
  • Муаллиф: nrsa2017
  • Сана: 10-02-2017, 00:00
10-02-2017, 00:00

Давраи омузиши дар мавзуи «Омузиши истифодабарандагон аз руи барномаи Воситахои дарёфткунии сайёр дар Точикистон»

Гурӯҳ: Иттилоот

Давраи омузиши дар мавзуи «Омузиши истифодабарандагон аз руи барномаи Воситахои дарёфткунии сайёр дар Точикистон»

Рӯзҳои 6 - 10 уми феврали соли 2017 дар Маркази омӯзишии минтақавии Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи омӯзишӣ дар мавзӯи «Омӯзиши истифодабарандагон аз рӯи барномаи Воситаҳои дарёфткунии сайёр дар Тоҷикистон» гузаронида шуд.
Давраи омузиши дар мавзуи «Омузиши истифодабарандагон аз руи барномаи Воситахои дарёфткунии сайёр дар Точикистон»

Давраи омӯзишӣ барои кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ташкил карда шуда мавзӯи тарзи истифодабарии воситаҳои дарёфткунии мобилӣ инчунин таҷҳизоти дастии ҷустуҷӯӣ барои дарёфт намудани гардиши ѓайриқонунии маводҳои ҳастаию радиоактивиро дар сарҳатод ва дохили ҷумҳурӣ дар бар гирифт. Устодони маҳаллӣ аз қатори кормандони Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои ҷумҳурии Тоҷикистон барои кормандони хадамоти сарҳадӣ ва гумрук бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши онҳо оид ба тарзи истифодаи Воситаҳои дарёфткунии сайёр, дарсҳои назариявию амалӣ гузарониданд.
Давраи омузиши дар мавзуи «Омузиши истифодабарандагон аз руи барномаи Воситахои дарёфткунии сайёр дар Точикистон»

Давраи омӯзишии мазкур дар доираи Нақшаи миллии амали ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои қатъномаи 1540 Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2016, №54 қабул шудааст, гузаронида шуд.
Давраи омузиши дар мавзуи «Омузиши истифодабарандагон аз руи барномаи Воситахои дарёфткунии сайёр дар Точикистон»