ААЯР » Иттилоот » Семинари миллӣ оид ба таҳияи «Тартиби амалкунии стандартӣ (ТАС) ҳангоми кашфи маводҳои ядроӣ ва радиоактивӣ дар сарҳад»
Маълумот ба ахбор
  • Диданд: 147
  • Муаллиф: nrsa2017
  • Сана: 10-02-2017, 00:00
10-02-2017, 00:00

Семинари миллӣ оид ба таҳияи «Тартиби амалкунии стандартӣ (ТАС) ҳангоми кашфи маводҳои ядроӣ ва радиоактивӣ дар сарҳад»

Гурӯҳ: Иттилоот

Семинари миллӣ оид ба таҳияи «Тартиби амалкунии стандартӣ (ТАС) ҳангоми кашфи маводҳои ядроӣ ва радиоактивӣ дар сарҳад»

Аз 30 январ то 03 феврали соли 2017 дар Маркази таълимии Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ семинари миллӣ оид ба таҳияи «Тартиби амалкунии стандартӣ (ТАС) ҳангоми кашфи маводҳои ядроӣ ва радиоактивӣ дар сарҳад» баргузор гардид. Дар семинар намояндагони Хадамоти гумрук, Қӯшунҳои сарҳадӣ ва Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ ширкат варзиданд. Мақсади семинар дар якҷоягӣ тартиб додани дастурамал (ТАС) оид ба амали гумрукчиён, сарҳадчиён ва кормандони Агентӣ зимни кашфи маводҳои ядроӣ ва радиатсионӣ дар сарҳад (қочоқ) аз истифода бо асбобҳои дарёфткунандаи маводҳои ядроӣ ва радиоактивӣ, ки дар дидбонгоҳҳои сарҳадӣ насб карда шудаанд ва инчунин таҷҳизотҳои дастӣ. Дар давоми чор рӯз намояндагони Хадамоти гумрук, Қӯшунҳои сарҳадӣ ва Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ лоиҳаи дастурамалҳои (ТАС) худро таҳия намуда онро рузи панҷум дар амал санҷиданд. Иштирокчиён пас аз тасдиқи дастурамалҳои худ дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ ситифода хоҳанд бурд. Семинари мазкур дар доираи Нақшаи миллии амали ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои қатъномаи 1540 Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид, ки бо Қарори Ҳукумати ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2016, №54 қабул шудааст, гузаронида шуд.