Почтаи электронӣ
Ном:
Парол:

МУШАХХАСОТИ МО

 

12 – 13.01. 2017

Семинар оид ба баррасӣ ва такмили минбаъдаи «Нақшаи стратегии солимгардонии майдончаҳои мероси саноати уранӣ дар Осёи Марказӣ»

12 – 13 январи соли 2017 дар Маркази омӯзишии минтақавии Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии АИ ҶТ дар ш. Душанбе, Тоҷикистон Семинар оид ба баррасӣ ва такмили минбаъдаи «Нақшаи стратегии солимгардонии майдончаҳои мероси саноати уранӣ дар Осёи Марказӣ» баргузор гардид. Ин ҳуҷҷат аз ҷониби Гурӯҳи ҳамоҳангсозандаи (CGULS, IAEA) Агентии байналмилалии нерӯи атомӣ (АБНА) омода карда шудааст. Мақсади ҳуҷҷати мазкур татбиқ намудани сиёсати ягона аз ҷониби давлвтҳои Осиёи Маркази вобаста ба масъалаҳои солимгардонии майдончаҳои мероси саноати уранӣ мебошад, то ки истифодабарии бесамари кӯмакҳои донорҳо ба ин давлатҳо бартараф гарданд ва такрор нагарданд. Ҳуҷҷати мазкур бо мақсади пешниҳод намудан ба иштирокчиёни Конфронси донорҳо дар оянда таҳия шуда истодааст.

Дар семинари мазкур намояндагони АБНА: Мишел Ребортс – котиби илмии Гурӯҳи ҳамоҳангсозандаи CGULS, Нил Келли – эксперт аз Британияи Кабир, намояндагони вазорату идораҳои ҷумҳурӣ: Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати энергетика ва захираҳои об, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ (ХДНСЭ), Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Хадамоти гумрук, инчунин намояндаи соҳиби майдончаҳо – КВД «Фулузоти нодири Тоҷикистон» иштирок намуданд.

Аз ҷониби намояндагони АБНА лоиҳаи ҳуҷҷати «Нақшаи стратегии солимгардонии майдончаҳои мероси саноати уранӣ дар Осёи Марказӣ» барои баррасӣ ба иштирокчиёни маҳаллӣ пешкаш карда шуд ва мақсадҳои асосии он фаҳмонда шуд. Ҳуҷҷат ҳамаҷониба аз ҷониби иштирокчиён таҳлил шуда, пешниҳодҳои мушаххас оид ба беҳтар кардани он ирсол карда шуданд. Инчунин аз ҷониби Тоҷикистон ду презентатсияи миллӣ оид ба ҳолати кунунии майдончаҳои солимгардонӣ ва қонунгузории маҳаллӣ оид ба солимгардонии онҳо пешкашӣ намояндагонӣ АБНА гардид.