Почтаи электронӣ
Ном:
Парол:

МУШАХХАСОТИ МО

 

23 - 27.01.2017

Барномаи тестӣ Environment UniverTest

Дар доираи амалишавии лоиҳаи АБНА TAD/0/005 «Ворид намудани давраҳои омӯзишии баъд аз дипломӣ ва магистратура дар Маркази миллии таълим ва омӯзиш» аз 23 то 27 январи соли 2017 бо ташрифи экспертӣ намояндаи Донишгоҳи давлатии Беларус, Мудири шӯъбаи автоматизатсиякунонии комплексии Донишкадаи экологии ба номи Сахаров – Евгений Хаҷинов ба Маркази таълимии Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии АИ ҶТ ташриф овард. Мақсад аз ташриф таҷҳизонидани синфхонаи компютерӣ бо барномаи тестӣ Environment UniverTest (Тести универсалӣ оид ба муҳити зист) барои санҷиши дониши азхудкардаи шунавандагон ва иштирокчиёни курсҳои омӯзишии гуногун дар мавзӯъҳои амнияти ҳастаӣ ва бехатарии радиатсионӣ мебошад.

Дар давоми як ҳафта ин мутахассис якҷоя бо мутахассисони Маркази омӯзишии Агентӣ ин барномаро дар компютерҳо насб намуда, истифодабарии онро омухтанд. Агентӣ нақша дорад, ки дар ояндаи наздик имтиҳони мутахассисони соҳаи бехатарии ядроӣ ва радиатсиониро бо истифода аз барномаи тестии мазкур ба роҳ монад.