Почтаи электронӣ
Ном:
Парол:

МУШАХХАСОТИ МО

 

Ахбор: 2018| 2017| 2016| 2015| 2014| 2013| 2012| 2011| 2010| 2009| 2008| 2007

Миссияи INSSP – Нақшаи муттаҳидаи
дастгирии бехатарии ядроӣ

Аз 10 то 12 декабри соли 2012 ба Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ (мақоми танзимгари давлатӣ) миссияи МАГАТЭ INSSP – Нақщаи муттаҳидаи дастгирии бехатарии ядроӣ ташриф овард. МУФАССАЛТАР ...

Курси омӯ зишии миллии МАГАТЭ оид ба таъмини бехатарии радиатсионӣ дар саноат, 12-16 ноябри соли 2012, Душанбе, Тоҷикистон.

Аз 12 то 16 ноябри соли 2012 дар Агентии амнияти ядрои ва радиатсионии Академияи илмхои Чумхурии Точикистон тибқи барномаи кории лоиҳаи миллии МАГАТЭ курси омузишии милли оид ба таъмини бехатарии радиатсионӣ дар саноат баргузор гардид. МУФАССАЛТАР ...

Курси омӯзишии миллии МАГАТЭ оид ба таъмини бехатарии радиатсионӣ дар ташхис ва радиологияи интервенсионӣ, 5-9 ноябри соли 2012, Душанбе, Тоҷикистон.

Аз 5 то 9 ноябри соли 2012 дар Агентии амнияти ядрои ва радиатсионии Академияи илмхои Чумхурии Точикистон тибқи барномаи кории лоиҳаи миллии МАГАТЭ курси омузишии милли оид ба таъмини бехатарии радиатсионӣ дар ташхис ва радиологияи интервенсионӣ баргузор гардид. МУФАССАЛТАР ...

Семинар-практикуми минтақавии МАГАТЭ оид ба масъалаҳои таҳияи стратегияи миллии омӯзиш ва тайёркунии кадрҳо дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ, бехатарии интиқол ва бехатарии партовҳо, 16-18 майи соли 2012, Душанбе, Тоҷикистон

Мақсади семинар-практикум аз он иборат аст, ки 1) ба аъзо-давлатҳо додани маълумоти умумӣ дар бораи методологияи МАГАТЭ оид ба таҳияи стратегияи миллии омӯзиш ва тайёркунии кадрҳо дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ, бехатарии интиқол ва бехатарии партовҳо. МУФАССАЛТАР ...

Курси омӯзишӣ оид ба тайёркунии муаллимон барои курсҳои усулҳои дарёфткунии радиатсия, барои кормандони бевосита амаликунандаи вазифаҳои назоратӣ.

Аз 23 то 27 апрели соли 2012 дар шаҳри Душанбе семинари минтақавӣ барои сарҳадчиён, гумрукчиён ва кормандони мақоми танзимгар оид ба таъмини бехатарии радиатсионии Афғонистону Тоҷикистон дар мавзӯи «Тайёркунии муаллимон барои курсҳои усулҳои дарёфткунии радиатсия, барои кормандони бевосита амаликунандаи вазифаҳои назоратӣ». МУФАССАЛТАР ...

Таҳияи лоиҳаи «Барномаи миллии омодагӣ ва эътино ба садамаҳои ядроӣ ва радиатсионӣ барои солҳои 2013-2016»

Аз рӯзи 2 то 6 уми апрели соли 2012 эксперти АБЭА (МАГАТЭ), ҷаноби Албинас Мастаускас – директори Маркази муҳофизати радиатсионии Ҷумҳурии Литва ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард. Мақсади миссияи экспертии мазкур дар расонидани кӯмак барои омода намудани лоиҳаи «Барномаи миллии омодагӣ ва эътино ба садамаҳои ядроӣ ва радиатсионӣ барои солҳои 2013-2016» мувофиқи талаботхои АБЭА ва қонунгузории Ҷумҳури Тоҷикистон иборат буд. МУФАССАЛТАР ...

ТАШРИФИ МИССИЯИ ПАКТ БА ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 26-30 МАРТИ 2012

Аз 26 то 30 марти соли 2012 ба Ҷумҳурии Точ,икистон бо ташрифи расми Миссияи ПАКТи МАГАТЭ (imPACT - IAEA 's Programme of Action for Cancer Therapy) ҳузур омад. Мақсади Миссияи мазкур аз инҳо иборат аст: МУФАССАЛТАР ...

Курсҳои барои нозирони ААЯР АИ ҶТ оид ба гузаронидани санҷиш дар муассисаҳое, ки манбаъҳои афканишоти ионофарро истифода мебаранд.

Аз 5 ум то 9 уми март дар Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳо оид ба гузаронидани санҷиш дар муассисаҳое, ки манбаъҳои афканишоти ионофарро истифода мебаранд, мувофиқи талаботҳои АБЭА гузаронида шуданд. Бо супориши мазкур ба Ҷумҳурии Тоҷикистон эксперти АБЭА - Зузана Пашкова аз Ҷумҳурии Чехия ташриф овард МУФАССАЛТАР ...