Почтаи электронӣ
Ном:
Парол:

МУШАХХАСОТИ МО

 

Ахбор: 2018| 2017| 2016| 2015| 2014| 2013| 2012| 2011| 2010| 2009| 2008| 2007

ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ АГЕНТИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЭНЕРГИЯИ АТОМӢ (МАГАТЭ) ВА ФОНДИ ШВЕЙТСАРИИ ЗИДДИ МИННАҲО (ФСД) ДАР АГЕНТИИ АМНИЯТИ ЯДРОӢ ВА РАДИАТСИОНИИ (ААЯР) АИ ҶТ.

Вохӯрӣ дар бинои Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии АИ ҶТ 19.01.2015 баргузор гардид. Дар вохури намояндагони МАГАТЭ: Рон Стенсон, Олег Войтсехович, намояндагони ФСД Хансёэрг Эберле, Артем Арутюнян, намояндагони ААЯР АИ ЧТ: Ҷабор Саломов, Илҳом Мирсаидов, Бахтиер Баротов, намояндаи Кумитаи Давлатии Амнияти Миллии ҶТ: Фарух Ярахматов иштирок карданд. МУФАССАЛТАР ...

ҶАЛАСАИ КОРӢ ОИД БА ПАСТ НАМУДАНИ ХАТАРҲОИ ЯРОҚИ КИМИЕВӢ, БИОЛОГӢ, РАДИАТСИОНӢ ВА ЯДРОӢ

Ҷаласаро директори Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ААЯР АИ ҶТ) – академик Улмас Мирсаидов ифтитоҳ бахшид. Ҷаласа дар бинои маркази омӯзишии ААЯР АИ ҶТ аз 19 то 21 январи соли 2015 баргузор гардид МУФАССАЛТАР ...

Cупоридани асбобу таҷҳизотҳо барои Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сарраёсати қушунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

10 апрели соли 2015, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии (Мақоми танзимгари давлатӣ) Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи амалишавии лоиҳаи Агентии байналмиллалӣ оид ба энергияи атом (МАГАТЭ) «Мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводҳои радиоактивӣ ва ядроӣ дар сарҳад» МУФАССАЛТАР ...

Семинар дар шаҳри Кулоб

Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Комиссия оид ба танзими ядроии ИМА семинар дар мавзӯйи «Дастгирии иҷозат ва амалисозии назорати меъёрии пурмаҳсули манбаъҳои афканишоти ионофар (МАН) дар Тоҷикистон» бо намояндагони муассисаҳои тиббии вилояти Хатлон (дар минтақаи Кулоб) гузаронд. Дар кори он 32 нафар-сардухтурон, менеҷерҳо ва рентгенологҳо- истифодабарандагони манбаъҳои афканишоти ионофар (МАИ) аз ноҳияҳои Восеъ, Ҳамадонӣ, Темурмалик, Фархор, Муминобод, Данғара ва шаҳри Кулоб иштирок намуданд. МУФАССАЛТАР ...

Кӯмаки Иттиҳоди Аврупо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши амнияти ядроӣ

Системаҳои замонавӣ барои ошкор намудани қочоқи маводҳои ядроӣ ва радиоактивӣ дар сарҳадоти Тоҷикистон насб карда шуд

Иттиҳоди Аврупо дар доираи барномаи худ оид ба мусоидат ба сулҳу субот ба ҷумуҳурии Тоҷикистон дар тақвияти иқтидорҳои ҳифозатии сарҳадоти он дар самти таъмини амнияти ядроӣ кӯмак намуд. Шаш гузаргоҳи сарҳадӣ (дар роҳҳои мошингард ва роҳҳои оҳан), ки аз ҷониби мақомоти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд, дар ҳоли ҳозир бо мониторҳои радиатсионӣ, ки қудрати ошкор намудани ҳар гуна қочоқи ғайриқонунӣ ва ҳамлу нақли беқасдонаи маводҳои ядороӣ ва радиатсиониро доранд, муҷаҳҳаз гардонида шуд. МУФАССАЛТАР ...