Меъёрхо, талаботхо, коидахо ва г.

Меъёрҳои бехатарии радиатсионӣ (МБР-06) КС 2.6.1.001-06 - меъёрҳои мазкур мутобиқи моддаи 5 Қонуни Чумҳурии Точикистон «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ» №42 аз 1 августи соли 2003, моддаи 8 Қонуни Чумҳурии Точикистон «Дар бораи истифодаи энергияи атомӣ» №69 аз 9 декабри соли 2004, банди 6 Низомнома «Дар бораи танзими давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ», ки бо қарори Хукумати Чумҳурии Точикистон № 482 аз 3 декабри соли 2004 тасдиқ карда шудааст, таҳия гардидаанд.

Муфассалтар

 

Қоидаҳои таъминоти бехатарии радиатсионӣ (ҚТБР - 08) - меъёрҳо ва Қоидаҳои мазкур мутобиқи моддаи 5 Қонуни Чумҳурии Точикистон «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ» ва моддаи 8 Қонуни Чумҳурии Точикистон «Дар бораи истифодаи энергияи атомӣ» ва банди 6 Низомнома «Дар бораи танзими давлати дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ», ки бо қарори Хукумати Чумҳурии Точикистон № 482 аз 3 декабри соли 2004 тасдиқ карда шудааст, таҳия гардидаанд.

Муфассалтар

 

Қоидаҳои гузаронидани санчиши фаъолияти субъектҳои хочагидор дар Чумҳурии Точикистон аз чониби Агентии Амнияти Ядроӣ ва Радиатсионии Академияи илмҳои Чумҳурии Точикистон - қоидаҳои мазкур дар асоси моддаи 4 Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санчиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Чумҳурии Точикистон», Қонуни Чумҳурии Точикистон «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ», Низомнома «Дар бораи танзими давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ» таҳия шуда, тартиби ташкил ва гузаронидани санчиши фаъолияти субъектҳои хочагидорро дар соҳаи риоя кардани бехатарии радиатсионӣ муайян мекунад. Аз тарафи директори Агентии амнияти ядроӣ ва радиационии Академии илмҳои Чумҳурии Точикистон Мирсаидов Ў. 9 июни 2009 сол тасдиқ шудааст.

Муфассалтар

 

Талаботи гигиени нисбат ба сохт ва истифодабарии утоқҳои рентгенӣ, дастгоҳҳои рентгенӣ ва гузаронидани тадқиқоти рентгенологӣ меъёрҳои ва қоида санитарӣ МҚС 2.6.1.007-07 - Қоидава меъёрҳои мазкур (минбаъд – Қоидаҳо) мутобиқи моддаҳои 8 ва 18 Қонуни Чумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бехатарии радиатсионӣ” таҳия гардидааст. Қоидаҳо ҳуҷҷати меъёрие мебошад, ки талабот ва меъёрҳои асосиро оид ба таъмини бехатарии радиатсионии кормандон, беморон ва аҳоли зимни гузаронидани муолиҷаи тиббии рентгенологӣ бо мақсадҳои ташхис, профилактика ва ё таҳқиқот муқарар мекунад. Аз тарафи директори Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академии илмҳои Чумҳурии Точикистон У. Мирсаидов ва аз тарфари Вазири тандурустии Р. Абдураҳмонова Чумҳурии Точикистон соли 2007 тасдиқ шудааст.

Муфассалтар

 

Талабот оиди гузаронидани назорати сифат дар рентгендиагностикаи тиббӣ - талаботи мазкур мутобиқи моддаҳои 5, 8 ва 18-и Қонуни Чумҳурии Точикистон «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ» таҳия карда шудааст. Талабот меъёрҳои баҳодиҳи ва талаботи минималиро оиди назорати сифати тачҳизотҳои рентгении тиббӣ, асбобҳои томографияи компютерӣ, асбобҳои маммографӣ ва воситаҳои иловагии онҳо, ки барои ба даст овардани тасвир ва воситаҳои баҳодиҳии тасвир, инчунин фотолаборатория (минбаъд - объектҳо) истифода бурда мешаванд, муқарар менамояд. Аз тарфари директори Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академии илмҳои Чумҳурии Точикистон У. Мирсаидов соли 2010 тасдиқ шудааст.

Муфассалтар

 

«Номгӯи саволҳои санчиш барои объектҳои ташхиси рентгенӣ ва томографияи компютери» - номгӯи саволҳои санчиш оид ба гузаронидани санчиш барои объектҳои ташхиси рентгени ва томографияи компютери дар асоси моддаи 13 Қонуни Чумҳурии Точикистон «Дар бораи санчиши фаъолияти субъектҳои хочагидор дар Чумҳурии Точикистон», таҳия гардидааст.

Муфассалтар

«Номгӯи саволҳои санчиш барои объектҳои муоличаи нури, брахитерапия ва рентгенотерапия» - номгӯи саволҳои санчишии мазкур оид ба гузаронидани санчиш барои объектҳои муоличаи нури, брахитерапия ва рентгенотерапия дар асоси моддаи 13 Қонуни Чумҳурии Точикистон «Дар бораи санчиши фаъолияти субъектҳои хочагидор дар Чумҳурии Точикистон» таҳия гардидааст.

Муфассалтар

«Номгӯи саволҳои санчишии оид ба гузаронидани санчиш ва истифодабарии дорувориҳои радиофармасевти дар шӯъбаи тибби ядрои» - номгӯи саволҳои санчишии мазкур оид ба гузаронидани санчиш ва истифодабарии дорувориҳои радиофарматсевтӣ дар тиббӣ ядромӣ дар асоси моддаи 13 Қонуни Чумҳурии Точикистон «Дар бораи санчиши фаъолияти субъектҳои хочагидор дар Чумҳурии Точикистон» таҳия гардидааст.

Муфассалтар

«Номгӯи саволҳои санчиш барои объектҳои саноатие, ки манбаъҳои афканишотӣ ионофарро истифода мебаранд» - номгӯи саволҳои санчиши мазкур барои объектҳои саноатие, ки манбаъҳои афканишотӣ ионофарро истифода мебаранд дар асоси моддаи 13 Қонуни Чумҳурии Точикистон «Дар бораи санчиши фаъолияти субектҳои хочагидор дар Чумҳурии Точикистон» таҳия гардидааст.

Муфассалтар

«Номгӯи саволҳои санчиш барои объектҳои радиографияи саноатӣ ва асбобҳои радиоизотопӣ» - номгӯи саволҳои санчишии мазкур оид ба гузаронидани санчиш барои объектҳои радиографияи саноатӣ ва асбобҳои радиоизотопӣ дар асоси моддаи 13 Қонуни Чумҳурии Точикистон «Дар бораи санчиши фаъолияти субъектҳои хочагидор дар Чумҳурии Точикистон» таҳия гардидааст.

Муфассалтар

«Номгӯи саволҳои санчиш барои санчиши манбаъҳои афканишотӣ ионофар дар соҳаи илм ва нигоҳдории партовҳои радиоактивӣ»- номгӯи саволҳои санчиши мазкур барои кор бо манбаъҳои радиоактивии кушода дар асоси моддаи 13 Қонуни Чумҳурии Точикистон «Дар бораи санчиши фаъолияти субъектҳои хочагидор дар Чумҳурии Точикистон» таҳия гардидааст.

Муфассалтар

«КАТЕГОРИЯХОИ ХАТАРНОКИИ МАНБАЪХОИ АФКАНИШОТИ ИОНОФАР ВА ҚОИДАХОИ МУАЙЯНКУНИИ ОНХО »- Категорияҳои хатарнокии манбаъҳои афканишотӣ ионофар ва қоидаҳои муайянкунии он дар асоси моддаҳои 6 ва 8-и Қонуни Чумҳурии Точикистон «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ» тартиб дода шуда, категорияҳои хатарнокии
манбаъҳои афканишоти ионофар, ки фаъолнокии онҳо аз сатҳи фаъолияти танзимнашаванда зиёд аст ва онро меъёрҳои бехатарии радиатсионӣ (МБР-06) муқаррар намудааст, инчунин қоидаҳои муайянкунии ин категорияҳоро муқаррар
менамояд.

Муфассалтар

«ТАЛАБОТХО ОИД БА ТАЪМИНИ МУХОФИЗАТИ ЧИСМИИ МАНБАЪХОИ РАДИАТСИОНИ, НУҚТАХОИ НИГАХДОРИ ВА
МОДДАХОИ РАДИОАКТИВИ»
- Меъёрҳо ва қоидаҳо мазкур дар асоси моддаҳои 6 ва 21 Қонуни Чумҳурии Точикистон «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ» ва моддаи 13 Қонуни Чумҳурии Точикистон «Дар бораи истифодаи энергияи атомӣ» таҳия гардида, тартиби таъмин намудани муҳофизати чисмии манбаъҳои радиатсионӣ, нуқтаҳои нигаҳдори ва моддаҳои радиоактивиро муайян менамояд.

Муфассалтар

«ҚОИДАХОИ БЕХАТАРИ ХАНГОМИ ХАМЛУ НАҚЛИ
МАВОДХОИ РАДИОАКТИВИ»
- Қоидаи мазкур аз Қонуни Чумҳурии Точикистон «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ» ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқии Чумҳурии Точикистон ва
байналмиллалӣ сарчашма гирифта баҳри татбиқи моддаҳои 6, 8 ва 22-и Қонуни Чумҳурии Точикистон «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ» равона шудааст.

Муфассалтар

ТАЛАБОТҲО НИСБАТ БА ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ РАДИАТСИОНӢ ҲАНГОМИ ҶАМЪОВАРӢ(ЗАХИРА) КАРДАНИ ПОРАВУ ПАРТОВҲОИ МЕТАЛЛҲОИ СИЁҲ ВА РАНГА- Меъёрҳо ва қоидаҳои мазкур талаботҳоро нисбат ба таъмини бехатарии радиатсионӣ ҳангоми ҷамъоварӣ (захира) кардан ва фурӯши пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга, аз ҷумла ташкил намудан ва гузаронидани назоратҳои радиатсионии онҳо, муоинаи воситаҳои наҳлиёт (таҷҳизот), ки барои ба оҳанпораҳо табдил додан пешбарӣ шудаанд, инчунин тартиби ба расмият даровардани хулосаи радиатсиониро ба низом медарорад.

Муфассалтар