ФИЛИАЛИ АЯРБ АИ ЧТ дар вилояти Сугд



Директор – к.т.н., Н. Хакимов
Тел.: +992 47 448 79 01
E-mail: n.khakimov@mail.ru


Филиал Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии АИ ҶТ с. 2004 дар асоси Қарори Раёсати АИ ҶТ № 72 аз 15.09.2004, дар ш. Чкаловск ҳамчун шахси ҳуқуқӣ ташкил карда шуда буд. Ин аввалин ва аз ҳама калонтарин филиали Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии АИ ҶТ ба ҳисоб меравад.
Самтҳои асосии фаъолияти филиали ААЯР инҳоянд:
- Азнавсанҷии маълумотҳои аз ҷониби довталаби иҷозатнома пешниҳодшаванда, бо воситаи гузаронидани мониторинги радиатсионии биомуҳити вилояти Суғд;
- Омодасозии мавод ва ҳуҷҷатҳо барои иҷозатномадиҳӣ ба намудҳои фаъолияти истифодабарии МАИ ва пешниҳоди онҳо ба мақоми болоӣ дар Душанбе;
- бақайдгирӣ, назорат ва инвентаризатсияи (барӯйхатгирии) манбаъҳои афканишоти ионофар дар вилояти Суғд;
- гузаронидани санҷишҳо оид ба риояи маъёр ва қоидаҳои бехатарии радиатсионӣ дар корхонаҳое, ки зимни фаъолияташон манбаъҳои аканишоти ионофарро истифода мебаранд.



Филиали Агентӣ инчунин ба корҳои илмию тадқиқотӣ ҷалб карда шудааст. Филиал тадқиқотро оид ба ҳолати экологии ҳавзаҳои обии вилояти Суғд, ҳифзи аҳолӣ аз таъсироти радиатсионии партовҳои КВД «Фулузоти нодири Тоҷикистон» (?аблан Востокредмет) ва ғ. ба роҳ мондааст.
Кормандони Филиали Агентӣ шиносномаи ҳамаи маҳфузгоҳҳои партовҳои урании Тоҷикистони Шимолиро тариб додаанд.
Аз ҷониби Филиал ҳолати муҳандисию геологӣ ва таркиби/мав?удияти радионуклидҳо дар партовҳои радиоактивии маҳфузгоҳҳои вилояти Суғд омӯхта шудааст.
Ҳамин намуд корҳо, ба истиснои корҳои илмию тадқиқотӣ дар дигар филиалҳои Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии АИ ҶТ гузаронида мешаванд. Дар ояндаи наздик дигар филиалҳо низ барои гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ бо асбобҳои лозимӣ ҷиҳозонида мешаванд.