МАРКАЗИ МИЛЛИИ ИНИС ДАР ТОЧИКИСТОН

ИНИС – Системаи пешбари иттилоотии байналмилалӣ дар соҳаи истифодабарии энергияи атомӣ ба мақсадҳои осоишта мебошад. Системаро АБНА ташкил намуда барои ҳамкорӣ бо давлатҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ - аъзоёни ИНИС истифода мебарад.
ИНИС оиди хабаррасонии ҳамаҷонибаи реферативӣ дар хусуси нашрияҳои соҳаи илм ва техникаи атомӣ ба чоп расида хизмат пешниҳод менамояд. Бо ин мақсад ИНИС қисми зиёди нашрияҳои ба мавзӯи зикргашта далхдоштаро, ки дар тамоми ҷаҳон чоп мешаванд таҳлил менамояд. Фарогирии мавзӯйи ИНИС мувофиқи талаботи иттилоотии иттиҳоди байналмилалӣ дар чорчӯбаи манфиат ва фаъолияти АБНА дар соҳаи истифодабарии энергия ва технологияи атомӣ ба мақсадҳои осоишта, муайян карда шудааст.
Он чунин қисматҳои мавзӯиро дар бар мегирад:
энергетикаи ядроӣ, аз ҷумла:
Техника ва таҷҳизотҳои ядроӣ,
Реакторҳои таҷзияи ядроӣ
Сикли сузишвории ядроӣ;
Муомилот бо партовҳои радиоактивӣ;
Бехатарии ядроӣ;
Маводҳои таваҷҷӯҳи ядроидошта;
Ҷанбаҳои муҳити зист (манбаҳои энегияи ядроӣ ва ғайриядроӣ);
Ҷанбаҳои иқтисодӣ (манбаҳои энегияи ядроӣ ва ғайриядроӣ);
Кафолат, паҳннашавӣ;
Татбиқи методҳои ядроӣ, аз ҷумла:
Истеҳсоли изотопҳо ва манбаҳои радиоактивӣ;
Истифодабарии саноатии изотопҳо ва манбаҳои радиоактивӣ;
Истифодабарии радиоизотопҳо ва афканишот дар илм оид ба замин;
Истифодабарии радиоизотопҳо ва афканишот дар кишоварзӣ, биология ва тибб;
Ҳифзи радиатсионӣ;
Ҷабҳаҳои физикаи ядроӣ, аз ҷумла:
Физикаи плазма ва синтези ядро;
Физикаи ҳолатҳои тарокумӣ (конденсионӣ)»;
Физикаи атомӣ ва молекулавӣ;
Физикаи ядро;
Физикаи зарраҳои бунъёдӣ (элементарӣ);
Механикаи классикӣ ва квантӣ;
Ҷабҳаҳои ядроии химия, аз ҷумла:
Радиохимия,
Химияи радиатсионӣ;
Химияи ҳастаӣ;
Усулҳои таҳлилии ядроӣ;
Санадҳои ҳуқуқӣ.

ПРИНСИПҲОИ АСОСИИ ИНИС


Асоси ИНИС ҳамкории байналмилалӣ мебошад. Он аввалин системаи иттилоотии байналмилалӣ мебошад, ки ҳам омодасозии воридкунӣ ва ҳам паҳнкунии маводҳои бар омада барои истифодабарон ғайримарказонидашуда мебошад. Фақат коркарди маълумотҳо ва омодасозии иттилоотҳои бар омада дар Котиботи ИНИС марказонида шудааст.
Чунин рафтори ғайримарказонидашудаи омодасозии воридкунӣ ва ҳам паҳнкунии маводҳои бар омада аз сабабе интихоб шуда буд, ки он ба фарогирии васеъи нашрияҳои ядроӣ меорад, усули пурмаҳсултарини таҳлили иттилоотро дар забонҳои гуногун таъмин мекунад ва имкон медиҳад, ки хизматрасонии хубтаринро ба истифодабарандагони маълумот таъмин намояд.



Комъёбиҳои принсипҳои умдаи ИНИС аъёнӣ мусаввар карда мешаванд:
- бо мавҷуд будани зиёда аз 3 миллион воҳиди иттилоотӣ дар бойгонии иттилоотии ИНИС;
- ҳамасола, ба ҳисоби миёна, ба миқдори 80-100 ҳазор воҳид афзудани базаи иттилоотӣ;
- бо мавҷуд будани фонди матни пурраи ҳисоботҳои илмӣ, китобчаҳо (брошюраҳо), рисолаҳо, патентҳо ва ғ., ки зиёда аз 1 миллион ҳуҷҷатҳои дар намуди нухсаҳои микрофишҳо ва сабтҳои электрони бударо ташкил мекунанд;
- истифодабарии маводҳои бар омадаи ИНИС дар тамоми кишварҳои дунё.



Маркази миллии ИНИС дар Тоҷикистон соли 2003 дар асоси лоиҳаи АБНА TAD/0/002 «Ташкили Маркази ИНИС» ташкил карда шуда буд.
Мақсади асосӣ ташкили марказе буд, ки ба нияти дастгирии барномаҳоии миллии ядроӣ ба хизматрасонии иттилоотии мувофиқ оид ба масъалаҳои истифода бурдани илм ва технологияи ядроӣ ба мақсадҳои осоишта қобилият дошта бошад.
Тибқи лоиҳаи АБНА оид ба ташкили маркази ИНИС ба Тоҷикистон таҷҳизотҳои зарурӣ баҳри таъмини фаъолияти пурсамари марказ оварда шуданд. Чор нафар кормандони ААЯР тибқи барномаҳои таҷрибаомӯзии АБНА дар муаасисаҳои муосири Эрон ва Федератсияи Россия курсҳои омӯзишӣ гузаштанд. Барои роҳбарияти ААЯР ба мақсади шиносоӣ бо сохторҳои миллии маркази ИНИСи Россия ва Эрон ташрифҳои илмӣ ташкил карда шуданд. Аз ҷониби экспертон аз Белоруссия ва Сирия дар солҳои 2002 -2004 дар ш. Душанбе курсҳои омӯзишии АБНА оид ба ҳамаи ҷабҳаҳои фаъолияти маркази миллии ИНИС барои кормандони ААЯР АИ ҶТ гузаронида шуданд.
Дар айни замон маркази ИНИСи миллии Тоҷикистон барои тартиб додани тавсияҳои Котиботи АБНА фаъолона иширок намуда чунин амалҳоро иҷро карда истодааст:
• интихоби релевантии адабиётҳои соҳаи ядроӣ, ки дар қаламрави Тоҷикистон чоп шудаанд;
• омодасозии воридоти муттаҳид тибқи меёрҳои ИНИС ва пешниҳоди он ба АБНА, ки ракамгузорӣ, феҳрасткунӣ ва дохилкунии адабиётҳои душворфатҳро дарбар мегирад;
• пешниҳоди матни пурраи адабиётҳои душворфатҳро, ки бо роҳҳои оддии тиҷоратӣ дастраскуниашон номумкинанд (дар сурати набудани монеаҳои ҳуқуқӣ ва реҷавӣ);
• пешниҳоди маслиҳат ва тавсия ба Котиботи ИНИС оиди фаъолият ва ривоҷи системаҳо;
• пешниҳоди хизматрасонии иттилоотӣ ба истифодарандагони миллӣ (олимон, аспирантон донишҷӯён ва ғ.), доштани робитаҳои мувофиқ бо онҳо, пешниҳоди нуқтаи назари онҳо дар машваратҳои ИНИС;
• тадбиқи фаъолияти тарғибию таълимӣ;
• иштирок дар таҳқиқот ва таҳлилҳое, ки дар ҷаласаҳои Машваратии ИНИС тавсия дода мешаванд.