СЕКТОРИ ХИЗМАТРАСОНИ ОИД БА НАЗОРАТИ ШУОЪХУРИИ АХОЛИ



Роҳбар – к.т.н. Б.Баротов
Тел.: +992 37 225 80 06
E-mail: bakhtik-agency@mail.ru


Сектор мониторинги муҳити зистро мегузаронад, ки альфа, бета ва гамма спектрометрияро дарбар мегирад; ченкунии ҳавои биноҳои истиқоматӣ оид ба дороии гази радиоактивии радонро мегузаронад; харитаи радиатсионии Тоҷикистонро тартиб медиҳад ва ғайра.
Сектор бо асбобҳои замонавӣ ҷиҳозонида шудааст ва кормандони он дар як қатор давлатҳои Аврупо аз ҷониби АБНА таҷрибаомӯзӣ гузаштаанд. Кормандони сектор ба таври даврӣ мониторинги радиатсионии Тоҷикистонро мегузаронад.
Сектор дар фаъолияти худ бо Филиали ААЯР АИ ҶТ дар вилояти Суғд (шимоли Тоҷикистон) зич ҳамкорӣ менамояд. Ба таври даврӣ намунаҳоро аз ҳудуди партовгоҳҳои радиоактивии уранӣ интихоб намуда, дар озмоишгоҳи сектор чен мекунанд.
Айни замон, сектор харитаи радиатсионии Тоҷикистонро тартиб дода истодааст. Бо мақсади иҷрои масалаҳои гузошташуда сектор бо ёрии озмоишгоҳи сайёр ченкунии фони радиатсиониро дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон гузаронида истодааст.