СЕКТОРИ ХИЗМАТРАСОНИ ОИД БА ТАЪЛИМ ВА ОМУЗИШ ДАР СОХАИ БЕХАТАРИИ РАДИАТСИОНИ ВА АМНИЯТИ ХАСТАИ



Роҳбар - А.Баротов
Тел.: +992 37 225 80 06;
E-mail: a_barotov@mail.ru


Вазифаи сектор гузаронидани курсҳои даврии таълимӣ ва омӯзишӣ дар Маркази миллии таълимӣ ва омӯзишӣ оид ба бехатарии радиатсионии баназдикӣ таъсисшуда бо мақсади омодасозии миқдори зарурии кадрҳо барои мустаҳкамсозии муҳофизати радиатсионӣ ва амнияти ҳастаӣ дар мамлакат мебошад.
Сектор курсҳои омӯзишии гуногун, семинарҳо, ҷаласаҳои техникӣ барои корхонаҳое, ки дар фаъолияти худ маводҳои радиоактивӣ ва ҳастаӣ (ядроӣ) истифода мебаранд, барои шахсони масъул оид ба бехатарии радиатсионӣ аз ин корхонаҳо, инчунин барои кормандони ҳифзи ҳуқуқро мегузаронад.
Омӯзишҳои сектор мавзӯъҳои гуногунро оид ба таъмини бехатарии радиатсионӣ дарбар мегирад, инчунин курсҳо оид ба амнияти ҳастаӣ гузаронида мешаванд.
Сектор дар ҳамкорӣ бо АБНА барномаи омӯзишии худро тартиб додааст. Сектор стратегияи миллӣ оид ба таълим ва омӯзиш оид ба бехатарии радиатсионӣ ва амнияти ҳастаиро таҳия намудааст.
Сектор дар гузаронидани чорабиниҳои гуногуни миллӣ ва минтақавӣ бо АБНА зич ҳамкорӣ менамояд.