СЕКТОРИ ХИЗМАТРАСОНИ ОИД БА ТАНЗИМИ ШУОЪХУРИИ КАСБИ


Мудир - к.х.н. Н.У.Хакимова
Тел.: +992 37 225 80 06
E-mail: nodirataj@yahoo.com


Сектори танзими шуоъхӯрии инфиродии Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии АИ ҶТ аз моҳи марти с.2004 ба фаъолият шурӯъ кард. Сектор фаъолияти худро дар асоси Оиномаи Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии АИ ҶТ, Низомнома «Дар бораи сектори назорати дозиметрии инфиродӣ», Низомнома «Дар бораи танзимкунии давлатӣ дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ» бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3.12.2004 таҳти №482 тасдиқ шудааст, Қонуни Ҷумҳрии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ» аз 09.12.2004 таҳти №69 ба роҳ монда назорати дозиметрии фардиро тибии талаботи «Меъёрҳои бехатарии радиатсионӣ» (МБР-06) МС 2.6.1.001-06 амалӣ менамояд.
Вазифаи асосии Сектор – назорати шуохӯрии берунаи касбӣ, ки яке аз қисмҳои асосии системаи таъмини бехатарии радиатсионии кормандоне, ки бо МАИ кор мекунанд, ба шумор меравад, мебошад.
Мақсади асосӣ – ғамхорӣ нисбати саломатии инсон, ки дар минтақаи афканишоти ионофар кор мекунанд. Мақсади назорат муайянкунии боэътимоди дозаи шуъохӯрӣ барои мувофиқгардонии шароити корӣ ба талаботи меъёр ва қоидаҳо ва тасдиқи он, ки бехатарии радиатсионии кормандон ба дараҷаи кифӣ таъмин аст ва манъбаҳои тахногении афканишот зери назорат аст, мебошад.
Назорати фардӣ дар асоси шартнома бо ҳамаи ташкилотҳо ва шахсоне, ки аз Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии АИ ҶТ иҷозатнома гирифтаанд, гузаронида мешавад. Ба сифати дозиметрҳои инфиродӣ детекторҳои термолюминестсионӣ (ТЛД) истифода мешаванд. Ченкуниҳо дар анализатори термолюминестсионии муосири америкоӣ “Harshaw TLD System 4500”, ки бо барномаи махсусгардонидашуда барои ҳисобкунии дозаи шуохӯрии фардӣ ва бойгонкунӣ таъмин аст, анҷом дода мешаванд,
Назорат ва қайди шуоъхӯрии касбии кормандоне, ки бо МАИ кор мекунанд, дар ҳар семоҳа гузаронида мешавад. Айни замон зиёда 400 кормандони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ, Хадамоти гумрук, Нуқтаи ҷумҳуриявии гӯркунии партовҳои радиоактвии н. Файзобод (НҶГПРФ), корхонаи «Алюминии тоҷик» ва як қатор ширкатҳои шахсӣ бо дозиметрҳои фардӣ таъмин карда шудаанд.
Кормандони Сектор мутахассисони пешбар буда, хатмкардагони Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон мебошанд, ки дар Марказҳои ҳифзии радиатсионии Литва ва Армения курсҳои такмили ихтисос гузаштаанд.