ШУЪБАИ ХИЗМАТРАСОНИИ ТЕХНИКИ



Мудир - н.и.т. Қ.М.Назаров
Тел.: +992-372-24-21-02 E-mail:info@nrsa.tj


Шӯъбаи хизматрасонии техникӣ, мавод ва таҷҳизотҳои дохилшударо таҳлил ва ҷамъбаст менамояд, санадҳои мувофиқ тартиб медиҳад, маълумотҳои иттилоотӣ ва техникӣ омода месозад. Робитаи Агентиро бо Барномаи рушди Созмони Миллали Муттаҳид (ПРООН) ва доир ба ташфиқоти дастовардҳои Агентӣ бо роҳи ташкил намудани намоишгоҳҳо, семинарҳо ва машваратҳо кор мебарад.
Таҷҳизотҳои заруриро тибқи лоиҳаҳои Ҳамкории Техникии АБНА қабул менамояд, иҷрои корҳои таъмириро ба ӯҳда дошта, Агентиро бо маводҳои зарурӣ таъмин менамояд.
Шӯъбаи хизматрасонии техникӣ аз 6 секторхо иборат буда ҳар яки он барои Агентӣ хизматрасонии гуногунро мерасонад ва ҳамин тариқ хадамоти ёрирасони техникии танзимгарӣ давлатӣ башумор меравад.
Шӯъбаи хизматрасонии техникӣ аз чунин секторҳо иборат аст:
- сектори назорати шуъохӯрии касбӣ;
- сектори назорати шуъохӯрии беморон;
- сектори назорати шуъохӯрии аҳолӣ;
- сектори хизматрасонӣ оид ба таълим ва омӯзиш дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ;
- сектори хизматрасонӣ оид ба колибровкаи дозиметрҳо;
- сектори хизматрасониҳои махсус.