ШУЪБАИ ИЧОЗАТНОМАДИХИ ВА НАЗОРАТ


[center]Роҳбар: академик, Мирсаидов У.М.
Teл.: +992 37 224 77 97


E-mail: m.ulmas@nrsa.tj[/center]

Дар таркиби Шӯъба ду сектор фаъолият менамоянд:
1. Сектори назорат – роҳбар М.З.Ахмедов;
2. Сектори иҷозатномадиҳӣ – роҳбар А.З.Сӯфиев.

СЕКТОРИ ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ



Роҳбар: Суфиев А.З.
Teл.: +992 37 224 21 23
E-mail: alimahmad@mail.ru


Вазифаи аввалиндараҷаи сектори иҷозатномадиҳии Агентӣ ин дар амал татбиқ намудани иҷозатномадиҳӣ фаъолиятҳо дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ тибқи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ» № 42 аз 1 августи соли 2003, «Дар бораи истифодабарии энергияи атомӣ» № 69 аз 9 декабри соли 2004, «Иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ва Низомномаҳои «Танзими давлатӣ дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ», ки бо Қарори ҲҶТ аз 03 декабрии соли 2004 таҳти № 482 ва Низомнома «Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», ки бо Қарори ҲҶТ аз 3 апрели соли 2007 таҳти № 172 тасдиқ карда шудаанд ва такмил додани асосҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ мебошанд.
Аз ҷониби сектори иҷозатномадиҳӣ ҳуҷҷатҳои зерин таҳия ва дар амал ҷорӣ карда шудаанд:
1. «Тартиби бақайдгирӣ, ба расмиятдарорӣ, баррасии ариза ва маҷмӯи ҳуҷҷатҳо, ки барои гирифтани иҷозатнома ба намуди фаъолияти вобаста ба манбаъҳои афканишоти ионофар ва маводҳои радиоактивӣ дар Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии АИ ҶТ» бо қарори директори ААЯР АИ ҶТ №12-1 аз 17.04.2009с. тасдиқ карда шудааст;
2. Низомномаи Комиссияи Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии АИ ҶТ «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият дар соҳаи истифодабарии манбаъҳои афканишоти ионофар»;
3. «Қоидаҳои гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии АИ ҶТ», дар Вазорати адлияи ҶТ таҳти № 529 аз 19 июни с. 2009 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст.
4. «Қоидаҳои таъмини бехатарии радиатсионӣ» (ҚТБР-08), дар Вазорати адлияи ҶТ таҳти № 402 аз 18 июни с. 2008 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст.
5. «Номгӯи саволҳои санҷишӣ», барои истифодабарандагони манбаъҳои афканишоти ионофар (барои 6 самт); дар Вазорати адлияи ҶТ таҳти № 457 аз 26 ноябри с. 2008 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст.
6. «Қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми ҳамлу нақли маводҳои радиоактивӣ», дар Вазорати адлияи ҶТ таҳти № 599 аз 26 январи с. 2011 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст.
7. «Талаботи гигиенӣ нисбат ба сохт ва истифодабарии утоқҳои рентгенӣ, дастгоҳҳои рентгенӣ ва гузаронидани тадқиқоти рентгенологӣ» меъёрҳо ва қоидаҳои санитарии МҚС 2.6.1.007-07, дар Вазорати адлияи ҶТ таҳти № 257 аз 16 апрели с. 2017 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст.
8. «Талабот оиди гузаронидани назорати сифат дар рентгендиагностикаи тиббӣ», дар Вазорати адлияи ҶТ таҳти №573 аз 23 апрели с. 2010 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст.
9. Меъёрҳо ва қоидаҳои МҚ 03.003-11 «Қоидаҳои муомилот бо партовҳои радиоактивӣ» (ҚМПР-11), дар Вазорати адлияи ҶТ таҳти №608 аз 11 апрели с. 2011 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст.
10. Меъёрҳо ва қоидаҳои МҚ 01.002-11 «Категорияҳои хатарнокии манбаъҳои афканишоти ионофар ва қоидаҳои муайянкунии он», дар Вазорати адлияи ҶТ таҳти №602 аз 09 феврали с. 2011 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст.
11. Меъёрҳо ва қоидаҳои МҚ 03.004-11 «Талаботҳо нисбат ба таъмини бехатарии радиатсионӣ ҳангоми ҷамъоварӣ (захира) кардани пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга» дар Вазорати адлияи ҶТ таҳти №613 аз 17 июни с. 2011 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст.
12. Меъёрҳо ва қоидаҳои МҚ 01.001-11 «Талаботҳо оид ба таъмини муҳофизати ҷисмии манбаҳои радиатсионӣ, нуқтаҳои нигаҳдорӣ ва моддаҳои радиоактивӣ», дар Вазорати адлияи ҶТ таҳти №601 аз 09 феврали с. 2011 ба қайди давлатӣ гирифта шудааст.
Инчунин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия гардидаанд, ки дар марҳилаи баррасӣ қарор доранд:
- Талабот нисбат ба сохт ва истифодабарии асбобҳои радиоизотопӣ;
- Қоидаҳои назорати бақайдгирии дозаҳои шуохӯрии инфиродии шаҳрвандон, ки зимни кор бо манбаъҳои афканишоти ионофар ҳангоми гузаронидани амалиётҳои рентгенологӣ ва инчунин ба воситаи фони табии қабул мекунанд;
- Тартиби ташкили системаи бақайдгирӣ ва назорати моддаҳои радиоактивӣ ва партовҳои радиоактивӣ;
- Созишнома оиди ҳамдигарфаҳмӣ байни Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати Тандурустӣ ва хифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Созишнома оиди ҳамдигарфаҳмӣ байни Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳадамоти Гумруки назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

СЕКТОРИ НАЗОРАТ




Роҳбар: – н.и.х. М.З. Ахмедов
Тел.: +992 372 224 21 23
E-mail: matin82@rambler.ru


Сектори назорат вазифаи аввалиндараҷаи худ - гузаронидани санҷиши фаъолияти субектҳои хоҷагидорро, ки зимни фаъолияташон манбаъҳои афканишоти ионофарро истифода мебаранд, тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ», «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Оид ба истифодабарии энергияи атомӣ», «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», Низомномаҳо «Танзими давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ», «Дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», инчунин меъёрҳо ва қоидаҳо: «Қоидаҳои гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ амалӣ менамояд.
Сектори назорат фаъолияти худро аз соли 2008, пас аз омода гардидан ва аз қайди давлатӣ гузаштани «Қоидаҳои гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Номгуи саволҳои санҷишӣ», ки барои истифодабарандагони манбаъҳои афканишоти ионофар дар соҳаҳои гуногун пешбинӣ шудаанд ва дар поён оварда шудаанд, амалӣ менамояд:
1. Номгӯи саволҳои санҷишӣ барои объектҳои ташхиси рентгенӣ ва томографияи компютерӣ;
2. Номгӯи саволҳои санҷишӣ оид ба гузаронидани санҷиш ва истифодабарии дорувориҳои радиофармасевтӣ дар шӯъбаи тибби ядроӣ;
3. Номгӯи саволҳои санҷишӣ барои объектҳои муолиҷаи нурӣ, брахитерапия ва рентгенотерапия;
4. Номгӯи саволҳои санҷишӣ барои объектҳои саноатие, ки манбаъҳои афканишоти ионофарро истифода мебаранд;
5. Номгӯи саволҳои санҷишӣ барои объектҳои радиографияи саноатӣ ва асбобҳои радиоизотопӣ;
6. Номгӯи саволҳои санҷишӣ барои кор бо манбаъҳои радиоактивии кушода;
7. Номгӯи саволҳои санҷишӣ барои объектҳои афканишоти электронҳо
Қабл аз оғоз намудани санҷиш мувофиқи «Қоидаҳои гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» номгӯи саволҳои санҷишӣ вобаста ба намуди манбаи афканишоти ионофари истифошабаранда ба субекти хоҷагидор супорида мешавад ва санҷиш дар асоси номгӯи саволҳои санҷишии мазкур гузаронида мешавад.
Аз ҷониби кормандони сектори назорат ҳангоми гузаронидани санҷиши ҳуҷраҳои рентгенӣ, назорати дозиметрии ҷойҳои корӣ ва назорати сифати дастгоҳҳои рентгенӣ гузаронида мешаванд, ки зимни он мувофиқат кардани нишондодҳои дастгоҳи рентгенӣ ба талаботҳо ва мувофиқати ҳуҷраҳои рентгенӣ ва воситаҳои муҳофизат ба талаботҳои бехатарии радиатсионӣ санҷида мешаванд. Инчунин, ҳангоми кор бо моддаҳои радиоактивӣ муайянкунии тавоноии дозаи афканишот дар масофаҳои гуногун, муайянкунии радионуклид - спектрометрияи пешакӣ ва дигар амалиётҳои ба манбаъҳои афканишоти ионофар вобаста анҷом дода мешаванд.
Ѓайр аз ин кормандони сектори назорат дар чорабиниҳои гузаронидани мониторинги гамма фон ва ҷустуҷӯи манбаъҳои афканишоти бесоҳиб дар шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ иштирок варзидаанд. Дар асоси мониторинги гамма фон тардиб додани харитаи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.
Инчунин кормандони сектори мазкур дар чорабиниҳои бақайдгирии манбаъҳои афканишоти ионофар дар ҳудуди ҷумҳурӣ иштирок варзидаанд, ки зимни он моддаҳои радиоактивии кушода ва пӯшида, дастгоҳҳои рентгенӣ ва маводҳои ядроӣ ба қайди давлатӣ гирифта шуданд. Маълумотҳои мазкур дар ин бора ба базаи маълумотии RASOD ворид карда шудааст.
Умуман сектори назорат санҷиши фаъолияти истифодабарандагони манбаъҳои афканишоти ионофар, мониторинги ҷойҳои корӣ, иҷроиши барномаи таъмини сифат, муҳофизати ҷисмии манбаъҳои афканишоти ионофар ва нақшаи эътино ба ҳолатҳои садамавӣ, инчунин иҷрои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи бехатарии радиатсионӣ ва шартҳои иҷозатномавиро дар объектҳои истифодабарандаи манбаҳои афканишоти ионофар мавриди санҷиш қарор медиҳад.