ШУЪБАИ АХБОРОТ ВА РОБИТАХОИ БАЙНАЛМИЛЛАЛИ

Мудир – н.и.ф-м. Ҷ.А.Саломов
Тел.: +992-37-224-21-02
Эл-почта: j.salomov@nrsa.tj

Дар таркиби Шӯъба сектори робитаҳои байналмилалӣ ва иттилоот низ фаъолият менамояд.
Вазифаи асосии Шӯъба таъмин намудани кормандони ИИТ бо иттилоот доир ба ҳифзи радиатсионӣ, таъминоти иттилоотии чорабиниҳои ба баландбардории сатҳи илмӣ-методӣ ва техникӣ бахшидашуда, мебошад.
Аз ҷониби Шӯъба саҳифаи интернети (вебсайти) Агентӣ www.nrsa.tj ташкил карда шудааст, ки иттилооти он мунтазам нав карда мешавад. Дар чорчӯбаи лоиҳаи ҳамкорӣ бо ИМА дар шӯъбаи иттиллот ва муносибатҳои байналмилалӣ хати интернетии баландсуръати оптикӣ гузаронида шудааст, ки барои сари вақт нав намудани саҳифаи интернетии Агентӣ, инчунин барои бурдани муколама бо тамоми давлатҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ, ки бо онҳо созишнома оид ба ҳамкорӣ дар самти ба мақсадҳои осоишта истифода бурдани энергияи атомӣ баста шудаанд, имконият медиҳад. Шӯъба бо таҷҳизотҳои муосиртарин таъмин аст.
Дар назди Шӯъба китобхона ва маркази миллии ИНИС (системаи байналмилалии иттилооти ядроӣ) амал мекунанд. Дар китобхона қариб ҳамаи маводҳои чопии баъди соли 1970 чопшудаи АБНА, нашрҳои дар соҳаи технологияи ядроӣ ва радиатсионии дар кишварҳои аъзои АБНА чопшуда, инчунин асарҳои ба ҳамин соҳа бахшидашудаи олимони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъ оварда шудаанд.
Қормандони шӯъба дар як қатор кишварҳои Европа оиди истифодабарии ИНИС-и миллӣ ва китобхона курсҳои омӯзишӣ гузаштаанд. Онҳо инчунин барномаҳоеро омӯхтанд, ки бо ёрии онҳо лоиҳаҳои миллӣ ва минтақавӣ, номзадҳо барои иштирок дар курсҳои таълимӣ ва таҷрибаомӯзӣ, ташрифҳои илмӣ, семинарҳо ва ғайра аз ҷониби Тоҷикистон ба АБНА пешниҳод карда мешаванд; фармоиши таҷҳизотҳои зарурӣ тибқи лоиҳаҳои миллӣ ва минтақавӣ, тартибдиҳии нақшаҳои кории лоиҳаҳо, азнавкунии иттилоотҳо оиди кишвар ва як қатор амалҳои дигар иҷро карда мешаванд. Ҳамаи амалҳо дар реҷаи он-лайн бо воситаи чунин асбобҳои АБНА, ба монанди Intouch; TC-Pride; TC-Country Profile; PCMF; CPF’s, ки дар саҳифаи интернетии АБНА http://www-tc.iaea.org/tcweb/default.asp дастрас ҳастанд, иҷро карда мешаванд.
Шӯъба бо афсарони барномавии шӯъбаи ҳамкории техникӣ (IAEA TC Programme Officers), бо кормандони шӯъбаҳои дигари АБНА, масалан, бо афсарони техникӣ (Technical Officers) оид ба пешравии лоиҳаҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқшаванда мукотиба мебарад. Мукотиба бо Барномаи рушди СММ, ташкилотҳои дигари СММ, Мақомотҳои танзимгари кишварҳои аъзои АБНА, ҳамкорони лоҳаҳои минтақавии АБНА, сарпарстон ва намояндагони ТЃҲ, муассисаҳои илмӣ ва таҳқиқотӣ низ бо василаи ҳамин шӯъба мегузарад. Шӯъба раванди ба накшагирии сиёсат ва стратегияи шӯъбаи ҳамкории техникии АБНА фаъолона иштирок менамояд. Шӯъба бо дорандагони лоиҳаҳои АБНА дар Тоҷикистон ҳамкорӣ менамояд. Кормандони шӯъба ба шарикони худ аз лоҳаҳои миллӣ ва минтақавии АБНА оид ба омода ва пешниҳод намудани лоиҳаҳо, тартиб додани накшаҳои корӣ, фармоиши таҷҳизотҳоти зарурӣ, навиштани анкетаҳо барои гузаштани курсҳои омӯзишӣ, таҷрибаомӯзӣ, ташрифҳои илмӣ, машваратҳои техникӣ, семинарҳо ва ғ. бо мақсади пешниҳод намудан ба АБНА ёрӣ мерасонад.


СЕКТОРИ АХБОРОТ ВА РОБИТАҲОИ БАЙНАЛМИЛЛӢ

Мудир – д.и. т. И.Ӯ. Мирсаидов
Тел.: +992 37 88 14 906; Email: i.mirsaidov@nrsa.tj

Вазифаи асосии сектори робитаҳои байналмилалӣ ва иттилоот чунинанд:
-таъмини иттилотии кормандоне, ки бо МАИ фаъолият доранд;
-таъмини иттилоотии олимон дар ҳудуди Системаи байналмилалии иттилооти ядроӣ (ИНИС);
-таъмини чорабиниҳо, ки барои баланд бардоштани савияи илмӣ-методӣ ва илмӣ-техникӣ равона карда шудаанд;
- ташкили курсҳо, семинарҳо, конференсияҳои миллӣ ва байналмилалӣ.
Дар таркиби сектор Марказии миллии Тоҷикистонии ИНИС (INIS – International Nuclear Information System) амал менамояд, ки ба олимони дар соҳаи физикаи ядроӣ, радиохимия, ҳимояи радиатсионӣ, экологияи радиатсионӣ ва ғ. фаъолиятнамоянда, хизмат мерасонад. Ба ҷуз ин, марказ воридкунии маълумотҳоро дар мавзӯҳои зикргашта аз нашрияҳои Тоҷикистон ба системаи ИНИС таъмин менамояд.