ШУЪБАИ ИЛМИЮ-ТАХКИКОТИ

Тел.: (+992 37) 225-80-06
E-почта: bakhtik-agency@mail.ru

ААЯР АИ ҶТ чун қисми таркибии Академияи илмҳо ташкил шудааст ва аз ин лиҳоз яке аз вазифаҳои асосии он иҷрои корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ (КИТ) мебошад. Чунин корҳо дар Шӯъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ ба сомон расонида мешаванд.
Шӯъбаи илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи мониторинги радиоэкологии биомуҳити Тоҷикистон ва коркади маъдани уран ва партовҳо таҳқиқот мебарад.
Схемаи принсипиалии технологӣ пешниҳод ва шартҳои оптималии раванди коркарди партовҳои саноати уранӣ муайян карда шудаанд. Имконпазирии аз гексагидрати уранилнитрат ва тригидрати уранилсулфат гирифтани U3O8 нишон дода шудааст.
Таҳти роҳбарии проф. Бадалов А. раванди дегидрататсия гексагидрауранилнитрат, ки дар фосилаи ҳароратии 310-420К ҷой дорад ва аз се зина иборат буда бо ҷудошавии об дар ҳар зина амалӣ мешавад, омӯхта шудааст.
Раванди вайроншавии термикии UO2(NO3)2 , ки дар фосилаи ҳароратии 430-750К мегузарад, аз ду зина иборат мебошад.
Раванди дегидрататсияи тригидратуранилсулфати дар фосилаи ҳарорати 320-420 ҷой дошта дар ду зина мегузарад, ки дар зинаи якӯми раванд як об мол ва дар зинаи дуйӯм ду мол об ҷудо мешаванд. Раванди вайроншавии термикии уранилсулфат дар як зина, дар фосилаи ҳарорати 480-710К мегузарад.
Бо усулҳои таҳлили рентгенӣ-фазавӣ, спектроскопӣ ва тензометрӣ схемаҳои химиявии зинаҳои алоҳидаи раванди дегидрататсия ва вайроншавии пайвастагиҳои уранилӣ, характеристикаҳои термикии ин зинаҳо муайян карда шудаанд.
Маълумоти мукаммали бештар оиди характеристикаҳои термикӣ ва термодинамикии кристаллогидратҳо ва уранил-нитратҳою уранил-сулфатҳои камобгардондашуда ба даст оварда шудаанд.
Характеристикаҳои обҳои конӣ ва техникии партовҳои саноати уранӣ омӯхта шудаанд. Муқарррар карда шуд, ки дар таркиби оби конии нақбии Табошар 10 мг дар литр, ҷоришавии об 40 м3/соат ва дар обҳои конии мавзеи Киик-Тал 25-30 мг дар литр уран доранд, рН 7,0-7,5 ва ҷоришавии об 4,0-4,5 м3/соат мебошад. Ин қимматҳо нишон медиҳанд, ки аз обҳои конӣ ва техникии Табошар ва Киик-Тал ҷудо карда гирифтани уран бамаврид аст.
Кинетикаи раванди сорбсионии (ҷаббишии) ҷудокунии уран аз партовҳои саноати уранӣ таҳқиқот карда шудааст. Қобилияти баланди сорбсионии пӯчоқи зардолу нисбати дигар сорбентҳо ошкор карда шудааст. Параметрҳои оптималии ҷаббиш муқаррар карда шуданд.
Схемаи принсипиалии технологии ҷудокунии уран аз обҳои конӣ ва обҳои техникии партовҳои саноати уранӣ пешниҳод карда шудааст, ки аз зинаҳои туршкунӣ, ҷаббиш, пухтан, ишқоронӣ, такшинкунӣ, полоиш ва хушккунӣ иборат мебошанд.
Таҳқиқоти вазъи радиоэкологӣ дар қаламрави Тоҷикистони Шимолӣ гузаронида шудааст ва дар асоси он харитаи радиологии Тоҷикистони Шимолӣ тартиб дода шудааст.
Инчунин, бо кислотаи сулфур ишқоронии маъданҳои урандори баъзе конҳо бо обшӯии пешакӣ ва бе обшӯӣ омӯхта шуданд. Натиҷаҳои муқоисакунӣ нишон доданд, ки баъди обшӯии пешакӣ ишқоршавии маъданҳо ба як дараҷа баланд мешавад.
Барои такшинкунии кеки зард аз маҳлулҳои урандор схемаи технологии такмилдодашуда бо истифодабарии оҳаксанг ва селитраи аммиакӣ дар раванди технологӣ дар зинаи нейтрализатсиякунии кислотаи сулфури зиёдатӣ баъд аз десорбсияи уран аз қатрони АМ(п) пешниҳод карда шудааст. Баромади уран дар зинаи такшинкунӣ 99%-ро ташкил намуд.