Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии
Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
(ААЯР АИ ҶТ ё Агентӣ) 21 январи соли 2003
дар заминаи Агентӣ оид ба энергияи атомии назди
Раёсати АИ ЧТ бо ҳуқуқи шахси юридикӣ
ташкил шуда аст. Академик Ў.М. Мирсаидов директор - ташкилотчии
Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии (Мақоми
танзимгари давлатӣ) Академияи илмҳои Ҷумҳурии
ТоҶикистон таъин гардида буд. Самтҳои асосии
фаъолияти ААЯР АИ ҶТ инҳоянд: o Таҳияи
стандартҳои ба бехатарии радиатсионӣ, ба нақшаи
зидди садамавӣ ва инчунин бакайдгирӣ ва назорати
маводҳои ядроӣ ва радиоактивӣ таълуқ
дошта;
-
Иҷозатномадиҳии фаъолияти вобаста ба истифодабарии
энергияи атом;
-
Иҷозат додан ба воридот, содирот, транзит ва ҳамлу
накли маводҳои радиоактивӣ;
-
Гузаронидани санҷишҳо дар объектҳое,
ки дар фаъолияти худ маводҳои ядроӣ ва радиатсиониро
мувофиқ бо стандартҳову низомномаҳои
оиди бехатарии радиатсионӣ истифода мебаранд ва
бо шартҳои иҷозатнома;
-
Ба кормандоне, ки дар объектҳои маводҳои ядрои
ва радиатсионӣ истифодашаванда кор мекунанд, талаботҳои
тахассусиро муқаррар менамояд;
-
Амалиётҳои лозимаи муомилот бо манбаҳои афканишоти
ионофаре, ки ба иҷозатномагирӣ воҷибанд,
муайян мекунад;
-
Тайёр кардан ба садамаҳои радиатсионӣ ва тафтишоти
онҳо, пешгӯи кардани онҳо ва иштирок
дар амалиётхои муҳофизатӣ;
-
Мониторинги радиатсионии муҳити зисти Тоҷикистон;
o Тадқиқотҳои илмӣ дар соҳаи
энергетикаи атомию хидрогенӣ;
-
Ҳамкорӣ бо Ташкилотҳои байналмиллалӣ,
хусусан бо Агентии байналмиллалии энергияи атоми (МАГАТЭ).
Бо мақсади ташкил кардани зерсохтори миллӣ
оиди бехатарии радиатсионие, ки ба пешниҳодотҳои
МАГАТЭ ҷавобгӯ буда, ҳуҷҷатҳои
қонунгузорӣ оиди бехатарии радиатсионии аҳоли
ва муҳити атроф таҳия карда шуданд, сохтори
лозима, мутахассисоне тайёр карда мешавад, ки имконияти
манфиятҳои миллиро намояндаги карданро доранд ва
дар кори ҷамъомадҳои гуногун ташкилотҳои
байналмиллалӣ, алалхусус МАГАТЭ иштирок кунанд.
Аз соли 2009 маркази таълимию омӯзишие ташкил карда
мешавад, ки дар он мутахасисони соҳаи бехатарии
радиатсиониро тайёр мекунанд. То ин ҷониб ААЯР АИ
ҶТ 4 Қонун ва 8 низомнома оиди бехатарии радиатсиони
таҳия намудааст ва низомномаҳои нав дар марҳилаи
таҳия карор доранд. Зиёда аз 30 мутахассиси сохаи
бехатарии радиатсионӣ, гигиенистҳою эпидемиологҳо,
муҳандист-технологҳо, химикҳо ва техникҳо
дар Агенти кор ва фаъолият менамоянд. Зиёда аз 90 фисади
ҳайати кормандон маълумоти олӣ доранд. Дар
Агенти 6 номзади илм ва як доктори илм кор мекунанд.