АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ АМНИЯТИ ЯДРОӢ ВА РАДИАТСИОНӢ
МАҚОМИ ТАНЗИМКУНАНДАИ ДАВЛАТӢ ОИД БА ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ РАДИАТСИОНӢ
 
                 
 
   
   

 

booked.net

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

ҚОНУНҲО

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи бехатарии радиатсионӣ" - мақсади Қонуни мазкур аз танзими ҳуқуқии муносибатҳое, ки ба таъмини бехатарии радиатсионӣ, ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва амволӣ шаҳрвандон, муҳити зист аз таъсири зараровари афканишотӣ иондоркунанда алоқаманданд, иборат мебошад.
ш. Душанбе аз 1 августи соли 2003, №42

 

Муфасалтар

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "ДАР БОРАИ ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ БА БАЪЗЕ НАМУДҲОИ ФАЪОЛИЯТ" - қонуни мазкур намудҳои фаъолиятеро муайян мекунанд, ки иҷозатномадиҳиро талаб намуда, асосҳои ҳуқуқии додани иҷозатнома (литсензия)- ро барои ҳуқуқи машғулшавӣ ба намудҳои мушаххаси фаъолият муқаррар карда, ба риояи стандартҳо ва талаботи зарурии тахассусӣ барои таъмини ҳимояи манфиату амнияти шахс, ҷамъият ва давлат нигаронида шудааст.
ш. Душанбе аз 17 майи соли 2004, № 37

 

Муфасалтар

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ДАР БОРАИ ИСТИФОДАИ ЭНЕРГИЯИ АТОМӢ - қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқи ва принсипҳои танзими муносибатҳои ҷамъиятиро, ки ҳангоми истифодаи энергияи атоми ба миён меоянд, муайян намуда, ба ҳимояи саломатӣ ва ҳаёти одамон, ҳифзи муҳити зист, таъмини реҷаи паҳн накардани аслиҳаи ядроӣ, бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ, ҳифзи моликият ҳангоми истифодаи энергияи атомӣ равона шуда, ба инкишофи илму техникаи атомӣ ва пойдор гаштани низоми байналмиллалии истифодаи бехатарии энергияи атомӣ мусоидат менамояд.
ш. Душанбе аз 9 декабри соли 2004, № 69

Муфасалтар

 

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "ДАР БОРАИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ" - қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии сиёсати давлатиро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист муайян намуда, ба таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, кафолатҳои ҳуқуқи инсон ба муҳити зисти солим ва мусоид, таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии таъсири номатлуби фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият ба муҳити зист, ташкили истифодаи оқилонаи захираҳои табиат ва таъмини амнияти экологӣ равона шудааст.
ш. Душанбе аз 2 августи соли 2011, № 760

Муфасалтар

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР БОРАИ МУОМИЛОТ БО ПАРТОВҲОИ РАДИОАКТИВӢ" - қонуни мазкур муносибатҳои вобаста ба фаъолияти шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки ба муомилот бо партовҳои радиоактивӣ алоқаманд мебошанд, ба танзим дароварда, барои таъмини ҳифзи аҳолӣ ва муҳити зист аз таъсири зараровари партовҳои радиоактивӣ равона гардидааст. (қҷТ аз 30.05.17 с., №1430).
ш. Душанбе аз 22 июли соли 2013, № 1002

Муфасалтар

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ""ДАР БОРАИ НАЗОРАТИ СОДИРОТ" -қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба ташкили назорати содирот, фаъолияти иқтисодии хориҷӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи назорати содирот оид ба молҳо, технологияҳо ва таъминоти барномавии назоратшаванда танзим менамояд.
ш. Душанбе аз 31 декабри соли 2014, № 1168

Муфасалтар

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" - қонуни мазкур тартиби гузаронидани санҷишҳо, ҳуқуқу ӯҳдадориҳои субъектҳои хоҷагидор ва шахсони мансабдори мақомоти санҷишро муқаррар намуда, барои ҳифз намудани фаъолияти онҳо аз дахолати ғайриқонуни равона гардидааст. 

Муфасалтар

 

 

 

 

 

 

 

Суроға:
734003, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҳамза Ҳакимзода 17а

 

 

 Рақами телефон:
+992 37 224 77 97

Почтаи электронӣ:
info@nrsa.tj

 

 

 

 

   
       
         
 

Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд © 2006 - 2018. Лоиҳаи сомонаи мазкур дар шӯъбаи иттилоот ва муносибатҳои байналмиллаии ААЯР АИ ҶТ омода шудааст.