АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ АМНИЯТИ ЯДРОӢ ВА РАДИАТСИОНӢ
МАҚОМИ ТАНЗИМКУНАНДАИ ДАВЛАТӢ ОИД БА ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ РАДИАТСИОНӢ
 
                 
 
   
   

 

booked.net

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

НИЗОМНОМАҲО

Низомномаи Танзими давлатӣ дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ - ин низомнома тартиби танзими давлатиро дар соҳаи таъмини бехатарии радиатсионӣ муайян мекунад, таҳия ва ташкили иҷрои тадбирҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмию техникӣ ва ҳуқуқиро, ки барои фароҳам овардани шароитҳои ҳифзи ҳаёт ва тандурустии одамон аз таъсири зараровари нурҳои ионзо чи дар шароити мӯътадили фаъолияти ядроӣ, чи ҳангоми рух додани садамаҳои радиатсионӣ равона шудаанд, дар бар мегирад. аз 3 декабри соли 2004, № 482, ш. Душанбе

Муфасалтар

Низомномаи шурои байниидоравӣ доир ба таъмини бехатарии радиатсионӣ - Низомномаи мазкур ваколат ва тартиби фаъолияти Шурои байниидоравӣ доир ба таъмини бехатарии радиатсиониро муайян менамояд. аз «2» декабри соли 2005 № 471, ш. Душанбе

Муфасалтар

Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият- ин Низомнома муносибатҳои амали намудани фаъолиятеро (амалеро), ки бояд барои он иҷозатнома (литсензия) гирифта шавад, ба танзим медарорад. аз «3» апрели соли 2007, № 172, ш. Душанбе

Муфасалтар

Низоми давлатии баҳисобгирӣ ва назорати маводҳои ядроию манбаъҳои афканишоти иондоркунанда - санади мазкур тартиби ташкили низоми давлатии баҳисобгирӣ ва назорати маводҳои ядроию манбаъҳои афканишоти иондоркунандаро бо мақсади таъмини реҷаи паҳн накардани яроқи ядроӣ, коҳищёбии эҳтимолияти шуоъдиҳии зараррасони тасодуфии маводҳои ядроӣ ва манбаъҳои афканишоти иондоркунанда ё истифодабарии қасдии онҳо барои расонидани зарар ба аҳолӣ ва муҳити зист, инчунин иҷро намудани талаботҳои Созишномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии байналмилалии энергияи атомӣ (АБЭА - МАГАТЭ) оид ба татбиқи кафолатҳо тибқи (аз 14 декабри соли 2004) дар робита бо Шартнома оид ба паҳн накардани яроқи ядроӣ аз 12 июни соли 1968 (ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 январи соли 1995) ва протоколҳои он муайян менамояд. аз «04» октябри соли 2013 № 449 , ш. Душанбе

Муфасалтар

Консепсияи Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимгардонии маҳфузгоҳҳои партовҳои коркарди маъдани уран барои солҳои 2014-2024 - Мутобиқи моддаи 6 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади ташкил ва таъмин намудани фаъолияти системаи томи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ ва барои ноил гаштан ба таъсири камтарини радиатсионӣ ба аҳолӣ ва муҳити гирду атроф, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор оиди Консепсияи Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимгардонии маҳфузгоҳҳои партовҳои коркарди маъдани уран барои солҳои 2014-2024 тасдиқ карда шавад. аз «01» августи соли 2014 № 505 , ш. Душанбе

Муфасалтар

Барномаи татбиқи Консепсияи Миллии ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимгардонии маҳфузгоҳҳои партовҳои коркарди маъдани уран барои солҳои 2016 - 2024 - мутобиқи моддаи 7 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳи давлатӣ, Консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади ташкил ва таъмин намудани фаъолияти самараноки системаи томи муомилот бо партовҳои радиоактивӣ ва ноил гаштан ба таъсири камтарини радиатсионӣ ба аҳолӣ ва муҳити зист, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор оиди Барномаи татбиқи Консепсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимгардонии маҳфузгоҳҳои партовҳои коркарди маъдани уран барои солҳои 2016-2024 тасдиқ карда шавад. аз «27» июли соли 2016 №329, ш. Душанбе

Муфасалтар

Кадастри давлатии маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ (манбаъд - кадастр) - ин махзани маълумоти ба тартибдаровардашуда дар бораи объектҳои барои нигоҳдорӣ ё гуронидани партовҳои радиоактивӣ таъиншуда, инчунин ҷойҳои нигоҳдории мувақаттии партовҳои радиоактивӣ ва дар бораи макони ҷойгиршавӣ, хусусияти миқдорӣ ва сифатӣ, низоми назорат ва мониторинги маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ ва шароити маҳфуздорӣ ё гуронидани партовҳои радиоактивӣ мебошад. аз "01" августи соли 2014, № 507, ш. Душанбе

Муфасалтар

Феҳристи давлатии Партовҳои радиоактивӣ - ин сабти ҷории мунтазами ҳуҷҷатҳои шакли махсус оид ба ҳосилшавӣ, таркиби физикию кимиёвӣ, ҳаҷм, хусусият, инчунин интиқол, нигоҳдорӣ ва гуронидани партовҳои радиоактивиро ифода мекунад ва дар доираи низоми бақайдгирии давлатии партовҳои радиоактивӣ таъсис дода мешавад. аз "01" августи соли 2014, № 508, , ш. Душанбе

Муфасалтар

Тартиби интиқоли партовҳои радиоактивӣ тавассути сарҳади давлатӣ ба хориҷа ва ба дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон - тартиби мазкур қоидаҳои содирот ва воридоти партовҳои радиоактивиро аз/ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин транзити партовҳои радиоактивиро тавассути қаламрави он (минбаъд - интиқоли байнисарҳадии партовҳои радиоактивӣ) муқаррар менамояд. аз "30" майи соли 2015, № 362 , ш. Душанбе

Муфасалтар

Нақшаи Миллии амали Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои қатъномаи 1540 Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид - мутобиқи модда 21 Қонуни Конститсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади иҷрои қатъномаи 1540 Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор оиди Нақшаи миллии амали Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои қатъномаи 1540 Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид тасдиқ карда шудааст. аз "9" феврали соли 2016, № 54 , ш. Душанбе

Муфасалтар

 

 

 

 

 

 

 

 

 

Суроға:
734003, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҳамза Ҳакимзода 17а

 

 

 Рақами телефон:
+992 37 224 77 97

Почтаи электронӣ:
info@nrsa.tj

 

 

 

 

   
       
         
 

Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд © 2006 - 2018. Лоиҳаи сомонаи мазкур дар шӯъбаи иттилоот ва муносибатҳои байналмиллаии ААЯР АИ ҶТ омода шудааст.