АКАДЕМИЯИ ИЛМҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
АГЕНТИИ АМНИЯТИ ЯДРОӢ ВА РАДИАТСИОНӢ
МАҚОМИ ТАНЗИМКУНАНДАИ ДАВЛАТӢ ОИД БА ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ РАДИАТСИОНӢ
 
                 
 
   
   

 

booked.net

 

 

 

 

 

 

 

 

 

ИҶОЗАТНОМАДИҲӢ

Мақсади асосии қонунгузории ба танзим дароварандаи муомилот бо манбаъҳои афканишоти ионофар он аст, ки бо иҷозат додани истифодаи босамари афканишоти ионофар, хамзамон таъмини кофии муҳофизати насли ҳозира ва оянда аз таъсири манфии он ва бехатарии кофии манбаҳои афканишот мебошад. Меъёрҳои бехатарии радиатсионӣ (МБР) дорои принсипҳо ва талаботҳое мебошад, ки бояд барои муҳофизат ва бехатарии комил татбиқ шаванд.
Барои он, ки принсипҳо ва талаботҳо ба сохторҳои доро ва истифодабарандаи манбаъҳои афканишоти ионофар татбиқ шаванд, бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии радиатсионӣ», №42 аз 1 августи соли 2003 Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионии академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (ААЯР АИ ҶТ) таъсис дода шудааст, ки мутобиқи моддаи 6 қонуни зикршуда мақоми танзимгари давлатӣ оид ба таъмини бехатарии ядроӣ ва радиатсионӣ мебошад.
Низомнома дар бораи хусусиятҳои иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият яке аз ҳуҷҷатҳои асосии Агентӣ барои додани иҷозатнома мебошад. Инчунин барои ҳамаи намудҳои фаъолият Комиссияҳои иҷозатномадиҳӣ таъсис дода шудаанд, ки вазифаи асосии онҳо аз санҷиши мутобиқати ҳуҷҷатҳои пешниҳодгашта ба қонунгузорӣ ва дигар хусусиятҳои вобаста ба таъмини бехатарии радиатсионӣ ва пешниҳоди хулоса мебошад.
Дар сохтори ААЯР АИҶТ аз соли 2006 шӯъбаи иҷозатномадиҳӣ ва назорат таъсис дода шудааст. Фаъолияти шӯъба вобаста ба иҷозатномадиҳӣ инҳоро дарбар мегирад:
- хабардиҳии истифодабарандагони афканишоти ионофар дар бораи талаботи фиристодани ариза оид ба гирифтани иҷозатнома дар ҳудуи муқараркардаи вақт;
- нашри талаботҳо барои муайянкунии сатҳи иҷозатнома, ки барои манбаи афканишоти конкретии мазкур ё фаъолияти амалӣ талаб карда мешавад;
- таъмини аризадиҳандагон бо варақаҳои ариза ва дастурамал барои гирифтани иҷозатнома;
- фиристодани дархости саривакт, дақиқ ва комил ба истифодабарандагони манбаъҳои афканишот бо мақсади гирифтани маълумоти намерасида барои додани иҷозатнома;
- таҳия ва пешниҳод ба директори агентӣ барои тасдиқи дастурамал оид ба баҳодиҳии аризаҳо барои гирифтани иҷозатнома
- тибқи тартиби муқарраргардида баррасӣ ва баҳо додани аризаҳо барои гирифтани иҷозатнома;
- дида баромадани дурустии тамоми маҷмӯи ҳуҷҷатҳои пешниҳодгашта аз ҷониби Сектори иҷозатномадиҳии Шӯъбаи иҷозатномадиҳӣ ва назорат;
- гузаронади санҷиши пешазиҷозатномадиҳӣ барои тасдиқи маълумотҳои пешниҳодгашта дар макони истифодаи манбаи афканишот;
- супоридани маҷмӯи ҳуҷҷатҳои тафтишшуда ба Комиссияи иҷозатномадиҳӣ барои баровардани хулоса;
- дар асоси пешниҳоди хулосаи комиссияи иҷозатномадиҳӣ баровардани қарор оид ба додан ё надони иҷозатнома;
- тафтиши риояи талаботҳои иҷозатномавии соҳибони иҷозатнома.

Иҷозатномадиҳӣ
Иҷозатномадиҳӣ механизми принсипиалии пайвасткунандаи сохтори қонунии системаи танзимкунӣ (қонунҳо ва низомномаҳо) бо ӯҳдадориҳои тарафҳои принсипалии мебошад, ки бо системаи танзимкунӣ фаро мегиранд (мақоми танзимгар ва истифодабаранда). Иҷозатномадиҳӣ – ин иҷозати хаттӣ ба истифодабаранда барои амалӣ намудани фаъолияти махсус ё як қатор фаъолиятҳо оид ба интихоби ҷои сохтмон, лоиҳакашӣ, сохтмон, баистифодадиҳӣ, азистифодабарорӣ ё пӯшидани корхона. Иҷозатномадиҳӣ инчунин шартҳои бехатар амалӣ намудани фаъолиятро дарбар мегирад.

Додани иҷозатнома
То гирифтани иҷозатнома аризадиҳанда бояд асосноккунии муфассали бехатариро пешниҳод кунад, ки аз ҷониби ААЯР АИ ҶТ тибқи тартиби муқарраркардашуда баррасӣ ва баҳо дода мешавад. Дараҷаи назорати татбиқшаванда бояд ба бузургӣ ва характери хатари имконпазир мувофиқат намояд. Масалан раванди баррасии ҳуҷҷатҳо барои додани иҷозатнома ба дастгоҳи рентгении стоматологӣ комилан аз нигоҳдории партовҳои радиоактивӣ ё дигар корхонаи дар фаъолияти худ манбаъҳои баландфаъол истифодабаранда фарқ мекунад.
ААЯР АИҶТ роҷеъ ба шакл ва таркиби ҳуҷҷатҳое, ки аз ҷониби аризадиҳанда барои дастгирии ариза оид ба гирифтани иҷозатнома пешниҳод мешаванд, маводҳои дастурӣ чоп менамояд. Аризадиҳанда бояд ба ААЯР АИҶТ дар мӯҳлатҳои мувофиқашуда тамоми маълумотҳои маслиҳатшуда ё дархостшударо пешниҳод намояд. Дар сурати корҳои душвор (ба монанди истихроҷ, коркарди дуюмбора, идоракунии партовҳои истеҳсоли уран) додани иҷозатнома метавонад дар якчанд зина гузарад.
Баррасӣ ва баҳодиҳӣ аз ҷониби ААЯР АИҶТ ба қабули якчанд намуди қарор оварда расонад.
1. Қарор оид ба додани иҷозатнома ё
2. Қарор оид ба надодани иҷозатнома

Дилхоҳ тағйироти минбаъда, дароз намудани мӯҳлати амали иҷозатнома, боздоштани амал ё бекоркунии иҷозатнома тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ сурат мегирад.

Баррасӣ ва баҳодиҳӣ
Баррасӣ ва баҳодиҳии ҳуҷҷатҳои барои гирифтани иҷозатнома пешниҳодгашта тибқи тартиби муқарраргадида ба роҳ монда мешаванд.

 

 

 

 

 

Суроға:
734003, Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҳамза Ҳакимзода 17а

 

 

 Рақами телефон:
+992 37 224 77 97

Почтаи электронӣ:
info@nrsa.tj

 

 

 

 

   
       
         
 

Ҳамаи ҳуқуқҳо маҳфузанд © 2006 - 2018. Лоиҳаи сомонаи мазкур дар шӯъбаи иттилоот ва муносибатҳои байналмиллаии ААЯР АИ ҶТ омода шудааст.